Русия истифодаи ниру дар хориҷро баррасӣ мекунад

Кохи Кремли Маскав мегӯяд, Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия аз маҷлиси болоии порламони кишвараш аз Шӯрои Федератсия хостааст, ки масъалаи истифодаи нируҳои кишвараш дар хориҷ аз Русияро баррасӣ кунад ва иҷоза диҳад.

Валентина Матвиенко-раиси Шӯрои Федератсия дар иҷлоси рӯзи 30 сентябр гуфт, ки ин масъала баррасӣ хоҳад шуд. Гуфта намешавад, ки Русия нируҳои худро дар кадом кишвари хориҷӣ дар ҷанг истифода хоҳад кард, вале ин кишвар вақтҳои охир ҳузури низомии худро дар Сурия афзоиш медиҳад. Русия ҳампаймони Башор Асад-раиси ҷумҳури дар муҳосира монда мебошад.

Бори аввал порламони Русия дархости Путинро дар бораи истиқрори нируҳои ин кишвар дар хоориҷ аз Русияро ба тасвиб расонда буд. Дар асоси ин қонун нируҳои Русия нимҷазираи Қрими Украинаро дар аввали соли 2014 ба тасарруфи худ дароварданд.