Талаби 18-20 соли зиндон барои муттаҳамон дар қатли сарбоз

Фирдавс Раҳматов

Дилафрӯз Самадова, вакили дифоъ рӯзи 29 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои муттаҳамон дар куштори сарбоз Фирдавс Раҳматов аз 18 то 20 соли зиндонро талаб кардааст. Ба гуфтаи Дилафрӯз Самадова, барои сержант Раббонӣ Сулаймонов 20 сол, сержант Комрон Раҳимов - 19 сол ва сарбози қаторӣ Айём Назаров 18 соли зиндон талаб карда шудааст.

Ба ин тартиб, Дилафрӯз Самадова гуфт, ки интизор меравад, рӯзи панҷшанбеи 1-уми октябр сухани ниҳоии айбдоршавнадаҳо шунида шавад. Аммо ба гуфтаи вай, ҳукм нисбати муттаҳамони куштори Фирдавс Раҳматов ба эҳтимоли зиёд охири ин ҳафта ва ё ҳафтаи оянда эълон шавад.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд парвандаи марги сарбози 22 сола - Фирдавс Раҳматовро баррасӣ дорад, ки аввали моҳи майи соли равон ба як қисми низомӣ дар Конибодом ба хидмати ҳарбӣ даъват шуд ва баъди як моҳ ҷасади ӯро ба Хуҷанд фиристоданд.

Додситонии ҳарбии Суғд пас аз таҳқиқи аввалия 3 кӯҳнасарбози ҳамхидмати Раҳматовро дар лату кӯб ва марги вай айбдор донист ва парванди ҷиноӣ боз кард. Тафтишот мегӯяд, ин низомиён Фирдавс Раҳматовро то мурданаш латту кӯб кардаанд. Ин се нафар аз замони тафтиш дар аввалҳои моҳи июни соли равон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.