Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко дар иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк гуфт, ҳар рӯзи ҷанг алайҳи ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина 5 миллион доллар хароҷот дорад. Порошенко гуфт, ин ҷангҳо аз ибтидои соли 2014 ба ин тараф панҷяки имконоти иқтисодии Украинаро фурӯ бурдаанд ва боиси ба чанги фақр уфтодани ҳазорон нафар дар Украина шудаанд. Суханронии Порошенко қабл аз нахустин зуҳури раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар СММ дар даҳаи охир ироа шуд. Кремл мегӯяд, Путин дар ҷараёни сафараш ба мавзӯи набард бо ифротгароён дар Ховари Миёна тамаркуз хоҳад кард. Киев ва муттаҳидонаш, аз ҷумла Амрико, мехоҳанд Маскавро ба қатъи ҳимоят аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина маҷбур кунанд. Русия пуштибониаш аз ҷудоиталабонро рад мекунад. Бино ба гузориши ТАСС, ҳангоми суханронии Порошенко, ҳайъати Русия тарки иҷлосия кардааст.