Пойгоҳи 201 маоши 4-моҳаи коргарони эътирозиро дод

Коргарони маҳаллии пойгоҳи 201-и Русия дар Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.

Кормандони маҳаллии пойгоҳи 201-и Русия дар шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки баъди расонаӣ шудани эътирози онҳо маоши чормоҳаашон пардохт ва аз кор ронда шудаанд. Ҳудуди 30 тан аз кормандони маҳаллии пойгоҳи 201-и Русия ду маротиба барои пардохт нашудани маошашон дар даромандгоҳи он гирдиҳамоии эътирозӣ барпо карда буданд. Дар эътирози ахир ба масъулони ин пойгоҳ расонида буданд, ки дар ҳолати пардохт нашудани маоши ҳафтмоҳаашон онҳо бори дигар бо шиору овеза эътироз хоҳанд кард.

Бозоралӣ Болтаев, як тан аз коргарони собиқи маҳаллии пойгоҳи 201 ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, баъди ду рӯзи ин эътироз маоши чаҳормоҳаи онҳо пардохт шуд, аммо онҳоро аз кор озод карданд. Ба гуфтаи ӯ, замоне, ки онҳоро аз кор озод карданд, ваъда дода буданд, ки то поёни моҳи октябр маоши боқимонда низ пардохт мешавад. Ӯ мегӯяд, ҳоло ба ҷои онҳо ин пойгоҳ кормандони нав гирифтааст. Ба гуфтаи кормандон, замоне аз маош ва ҳуқуқҳои худ ҳимоят карданд, дигар ба роҳбарияти ин пойгоҳ писанд наомаданд ва онҳоро ба зудӣ аз кор ихроҷ карданд, ки дар оянда низ ба онҳо мушкилӣ эҷод накунанд.

Зимнан, гуфта мешавад, шумори кормандони маҳаллӣ танҳо дар пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Кӯлоб наздик ба 100 нафар аст. Ба сурати умум дар бахшҳои ин пойгоҳ дар Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ҳудуди 200 нафар аз шаҳрвандони маҳаллӣ бо корҳои тармиму поккорӣ машғуланд. Моҳонаи онҳо аз 500 то 1000 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳоло кормандони маҳаллии пойгоҳи ҳарбии Русия тибқи шартномае кор мекунанд, ки онро бахши Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бит Сервис-плюс» имзо кардааст. Дафтари марказии он дар Русия ҷойгир буда, маблағҳо аз Русия ба ин ширкат ворид шуда, ба коргарони маҳаллӣ пардохт мешавад.

Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорад, ки тибқи шартномаи дуҷониба бояд то соли 2042 дар ин ҷо бимонанд. Теъдоди низомиёни Русия дар хоки Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор нафар ҳисоб шуда, ин бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷ аз он кишвар аст.