Бино ба гузориши СММ, ки рӯзи 25 сентябр ба чоп расид, тундравҳои Давлати Исломӣ дар Афғонистон ба пешрафтҳое ноил шудаанд.
Дар ин гузориш омадааст, ки аз 34 вилояти Афғонистон дар 25 тои он ин тундравҳо тавонистаанд ҳаводорони худро ба сафҳояшон ҷалб кунанд.
Дар гузориш гуфта мешавад: ”Шумораи гурӯҳҳо ва афроде, ки ошкоро ё пинҳонӣ ба тундравҳо мепайванданд, ҳамчунин дар вилоятҳои Афғонистон афзоиш меёбад”.
Дар гузориши СММ аз Абдулрауф Ходим-як тундрави Давлати Исломӣ ном бурда шудаасст, ки дар гузашта мушовири Мулло Муҳаммад Умар-раҳбари Толибон буд ва дар вилояти Фароҳ гурӯҳи худро ташкил карда буд.
Тақрибан 70 тундрави Давлати Исломӣ аз Ироқу Сурия маҳаки гурӯҳи мазкурро дар Афғонистгон ташкил медиҳанд.