Мушовири низомии Олмон дар Ирбил даргузаштааст

Мушовирони олмонӣ ҳангоми кор бо нируҳои Пешмарга дар Ирбил

Вазорати дифои Олмон мегӯяд, раҳбари намояндагии машқу тамринҳои Олмон дар Ирбил-минтақаи курднишини Ироқ даргузаштааст. Вазорат дар изҳороти худ гуфтааст, ки сарҳанг Стефан Споттели 56 соларо 23 сентябр дар утоқи худ дар меҳмонсарои шаҳри Ирбил мурда дарёфтаанд.

Маълумоти ба даст омада нишон медиҳад, ки дар ин куштор дасти ҷониби дигар ё нишонаҳои худкушӣ дида намешавад. Дар бораи ин ҳодиса ҷузъиёт дода нашудааст.

Олмон низ мисли кишварҳои дигари ғарбӣ намояндагии низомии худро ба Ироқ фиристодааст, то нируҳои Пешмаргаи курдро дар муборизаашон бар зидди тундравҳои Давлати Исломӣ омӯзиш диҳанд.

Бино ба хабари рӯзномаи олмонии Die Welt, сарҳанг Ҷон Ҳейманн, ки то ҳол муовини Споттел буд, раҳбарии намояндагиро дар Ирбил бар душ гирифтааст.