Дар Тоҷикистон шабакаи нави варзишӣ бо номи “Варзиш” ташкил шуд. Дар ин бора ҳукумати ин кишвар 23 сентябр қарори худро бо имзои Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур ва ҳамзамон раиси ҳукумат нашр кард.
Шабакаи “Варзиш” панҷумин шабакаи телевизионист, ки дар Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Дар қарори ҳукумат омдааст, ки шабакаи мазкур моҳи ноябри соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Дар бораи ҳайати раҳбарӣ ва кормандони он ҳоло чизе гуфта нашудааст.