Доналд Туск-раиси Шӯрои Аврупо аз раҳбарони 28 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо хост, ки дар ҳали бӯҳрони муҳоҷирон муттаҳид шаванд ва ин масъала ҳарчӣ зудтар ҳал шавад.
Оқои Туск дар номае, ки ба ҳамаи раисони ҷумҳур ва нахустивазирони кишварҳои узв фиристодааст, ёдоварӣ мекунад, ки масъалаҳои зиёде ҳаст ва имкон дорад, ки мо якдигарро гунаҳгор кунем, вале ин кор ба ҳали масъала кӯмак намекунад.
Ин суханони Доналд Туск дар ҳоле садо дод, ки як рӯз пеш вазирони корҳои дохилаи кишварҳои узв дар Бруссел тақсими 120 ҳазор муҳоҷиру паноҳанда дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ карданд.
Вале дар ҷаласаи вазирон баъзе норизоятиҳо мушоҳида шуд ва барномаи тақсими муҳоҷиронро ба райдиҳӣ гузоштанд. Ҷумҳурии Чех, Маҷористону Руминия ва Словакия аз ин барнома ҷонибдорӣ накарданд. Финландия аз райдиҳӣ худдорӣ кард.
Роберт Фико-нахуствазири Словакия баъд аз райдиҳӣ гуфт, то замоне ки вай дар мақоми нахуствазирист, ин барномаро қабул нахоҳад кард. Милан Хованетс-вазири корҳои дохилаи Чех гуфт, “ба зудӣ мо дарк хоҳем кард, ки император луч мондааст”.
Баъд аз Ҷанги дуввуми ҷаҳон бори аввал Аврупо ба сарозер шудани шумораи зиёди муҳоҷирону паноҳҷӯён рӯ ба рӯ шудааст. То ҳол бештар аз 500 ҳазор муҳоҷир ба қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ворид шудаанд. Онҳо аз манотиқи ҷанг аз Сурияву Ироқ ва Афғонистон фирор мекунанд.