Зулқада баъди сиқти кӯдаки 4-моҳаи батнаш адолат меҷӯяд

Зулқада Умарова

Дар натиҷаи ин лату кӯб Зулқада Умарова-сокини 27 солаи шаҳраки Василевка кӯдаки чаҳормоҳаи батнашро мурда таваллуд кардааст. Бо вуҷуди ин ки аз ин ҳодиса тақрибан 3 моҳ мегузарад, даъвои Зулқада ва хонаводаашро дар мақомоти додситонӣ қабул надоранд ва акнун мехоҳанд бо ташкили ҳар гуна кумиссиюнҳои тафтишотӣ ва беҳдоштӣ партофтани кӯдак ё сиқти ҷанинро ба ин лату кӯб иртибот надиҳанд.

Бо дарки навмедӣ аз чунин ҳолат Зулқада Умарова акнун дар ҷустуҷӯи адолат ба хабарнигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Бишкек муроҷиат кардааст. Айгерим Акилбекова-хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Бишкек бо ҳама ҷонибҳо мулоқот ва ин мавзӯъро пайгирӣ кардааст. Айгерим мегӯяд, ки дар шаҳраки Василевкаи вилояти Чуй дар наздикии Бишкек бо Зулқада, шоҳидон ва хонаводаи Бақит, ки зани ҳомиларо бераҳмона зери мушту лагад гирифтаанд, сӯҳбат кардааст. Ҳамсоягонаш чун шоҳид таъйид кардаанд, ки шоми 29 июни соли ҷорӣ чанд нафар савори мошине ба хонаи Зулқада омадаанд ва бе пурсиш ба лату кӯби вай шурӯъ кардаанд. Ҳатто яке аз онҳо ба шиками Зулқадаи ҳомила лагад задааст. Вай дар батн кӯдаки чаҳормоҳа доштааст. Баъд аз ин лату кӯб ҳамсояҳо Зулқадаро ба бемористон мебаранд, вале ҷанини чаҳормоҳаи вай аз батнаш меафтад ва вайро пизишкон наҷот дода наметавонанд.

Айгерим Акилбекова аз қавли ҳамсоягон ва худи Зулқада чунин мегӯяд: “Он вақт ба гуфтаи пизишкон, Зулқада дар ҳафтаи 16-ӯми ҳомиладорӣ будааст, яъне ҷанини батнаш 4 моҳа будааст. Ҳамсояҳо мегӯянд, ки вайро бераҳмона лату кӯб кардаанд. Бо вуҷуди ҳомиладорӣ яке аз онҳо ба шикамаш бо лагад задааст. Барои кӯмак ба ёрии тиббии таъҷилӣ занг мезананд. Чун дар русто бемористони шаҳрӣ дур аст, мошини ёрии таъҷилӣ низ дер омадааст. Вайро ба бемористони шаҳр бурдаанд. Пизишкон баъд аз муоина гуфтаанд, ки кӯдаки батнаш мурдааст”.

Баъд аз ин ҳодиса Зулқада ва хонаводааш ба ниҳодҳои тафтишотӣ ва ҳуқуқдонҳо муроҷиат кардаанд ва шикоят навиштаанд. Вале ба ин арзу шикоятҳо касе таваҷҷуҳ накардааст ва то ҳол парванда ҳам боз накардаанд. Ҳатто барои пурсиши шоҳидон аз муфаттишони додситонӣ ба шаҳраки Василевка касе наомадааст.

Ба суоле дар ин бора, ки ин моҷаро аз куҷо сарчашма мегирад, Айгерим Акилбекова мегӯяд, духтари бузурги Зулқада, ки тақрибан 7 сол дорад, ҳангоми бозӣ бо духтари хонаводаи Бақит, сокини ҳамин шаҳрак хархаша кардаанд ва гӯё Зулқада аз духтари худ ҳимоят кардааст. Вале ҳамсояҳо-шоҳидон мегӯянд, ки Зулқада ба духтари ҳамсоя даст нарасондааст. Бо вуҷуди ин шоми ҳамон рӯз, яъне 29 июн аъзои хонаводаи Бақит, яъне бародарону писари калонии хонавода ба Зулқада ҳамла карданд. Он вақт Зулқада дар хона танҳо будааст.

Аммо хонаводаи Бақит ба хабарнигори Радиои Озодӣ инкор кардааст, ки касе Зулқадаро назадааст ва Зулқада мехоҳад аз ин роҳ мақомоти тафтишотиро бар зидди онҳо ба по хезонад ва ришва бигирад. Шоҳидон ин иддаои ҷониби муқобилро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ҳамлакунандаҳо зиндагии хубу мураффаҳ доранд ва мумкин аст дар ин моҷаро пулу сарват ҳам нақш дошта бошад.

Дар шаҳраки Василевкаи вилояти Чуй дар наздикии шаҳри Бишкек тақрибан 6 ҳазор шаҳрвандони қирғизтабори Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Онҳо бештар аз 10 соли пеш ба Василевка кӯч бастаанд. Ҳамгароии онҳо аз оғоз то ҳол ба мушкилӣ гирифтор будааст. Аксари онҳо то ҳол натавонистаанд шаҳрвандии ин кишварро бигиранд, бо вуҷуди ин ки дар ин кишвар манзили зист бунёд кардаанд ва кору зиндагии доимӣ доранд. Чунин вазъ онҳоро бо мушкилиҳои дигар рӯ ба рӯ кардааст. Аъзои хонаводаҳои онҳо аз баъзе хадамоти иҷтимоӣ, ба вижа аз хадамоти тиббӣ маҳруманд. Ҳузури онҳо дар қаламрави Қирғизистон дар чунин вазъ, яъне надоштани шаҳрвандӣ қонуншиканӣ дониста мешавад ва онҳо ҳамеша чун қонуншикан ба қишри осебпазири ҷомеа дохил мешаванд. Зулқада Умарова гуфтааст, дар мақомоти тафтишотӣ гоҳо ба ин нукта ишора мекунанд, даъвои онҳоро нодида мегиранд ва мегӯянд, ки онҳо шаҳрвандии Қирғизистонро надоранд.