Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ ба муносибати Иди Қурбон гуфт, ки баъзе "қувваҳои носолим” дини исломро ҳамчун воситаи ангезишҳои сиёсӣ ва амалӣ намудани манфиатҳои гурӯҳӣ истифода мебаранд. Ин аст, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон чун ҳарвақта аз мардум хост, ки дар шароите кунунӣ “зиракиву ҳушёриро” аз даст надиҳанд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми идонаи худ сокинонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек даъват кард, зеро "амалҳои хайр, дар навбати худ ба пойдории сулҳу суботи кишвар, оромиву осоиши ҷомеа ва таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо мусоидат мерасонанд." Ӯ инчунин даъват кард, ки арзишҳо ва фарҳанги исломиро ба манфиати суботи ҷомеа ва давлат, таҳкиму пойдории ахлоқ ва рушди маънавиёти мардум равона бояд намуд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз мардум хост, ки вобаста ба тавони ва имкониятҳои худ амалҳои хайрро анҷом диҳанд ва аз исрофу харҷи зиёд ва беҳуда худдорӣ намоянд.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон панҷшанбеи 24 сентябрро рӯзи Иди Қурбон таъин кардааст. Иди Қурбон яке аз ду иди мусулмонҳост ва онро ҳар сол мусулмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа, яъне баъд аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил мекунанд. Иди Қурбон дар Тоҷикистон аз соли 1991 ба ин сӯ расман таҷлил мешавад ва ин рӯз таътил эълон шудааст.