Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил дар Кохи Кремли Маскав бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия мулоқот ва масъалаи ҳузури низомии Русия дар Сурияро баррасӣ кард.
Нетаняҳу аз сафороии низомиёни Русия дар яке аз пойгоҳҳои соҳилии Сурия изҳори нигаронӣ намуд. Ин пойгоҳ бо пойгоҳи нируҳои дарёии Исроил наздик аст.
Рӯзномаи Jerusalem Post гузориш додааст, ки Нетаняҳу дар ин боздид Гадӣ Эйсенкот-раиси ситоди артиши Исроил ва Ҳерзл Ҳалевӣ-раиси кашфи низомиро бо худ гирифтааст, то аҳамияти ин боздидро нишон диҳад.
Ин рӯзнома навиштааст, ки маъмулан низомиён дар сафарҳои хориҷӣ хеле кам Нетаяҳуро ҳамроҳӣ мекунанд.