Амрикову Олмон хостори ҳали бӯҳрони Сурия шуданд

Ҷон Керрӣ ва Франк Волтер Штайнмайер-вазирони корҳои хориҷаи Амрико ва Олмон дар Берлин

Ҷон Керрӣ ва Франк Волтер Штайнмайер-вазирони корҳои хориҷаи Амрико ва Олмон ба тавофуқ расиданд, ки талошҳои кишварҳояшонро биафзоянд, то бӯҳрони пешомадаи муҳоҷирон дар Иттиҳодияи Аврупо ва роҳҳои хатми ҷанги Сурияро ҳал кунанд. Мулоқоти ҳар ду ҷониб 20 сентябр дар Берлин баргузор шуд.

Штайнмайер гуфт, “вазифаи сиёсиву маънавист”, ки ба хушунатҳо дар Сурия хотима дода шавад. Ҷон Керрӣ гуфт, ки Амрико то ҳол 70 ҳазор паноҳҷӯро қабул кардааст ва 15 ҳазор нафари дигарро то поёни соли 2015 қабул хоҳад кард.

Олмон гуфт, ки соли ҷорӣ то як миллион муҳоҷиру паноҳҷӯро қабул хоҳад кард. Штайнмайер аз иртиботи Ҷон Керрӣ бо Маскав роҷеъ ба масъалаҳои Сурия изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, ки Арабистони Саъудиву Эрон низ бояд ба ҳали бӯҳрони Сурия ҷалб шаванд.