Мулоқотҳои муҳими Юкия Амано дар Теҳрон

Юкия Амано дар Теҳрон

Раҳбари Оҷонсии назорати нирӯи ҳастаии СММ ба манзури таҳқиқи гумонҳо дар бораи дар гузашта рӯи сохтани силоҳҳои ҳастаӣ кор кардани Эрон вориди Теҳрон шудааст. Юкия Амано рӯзи 20 сентябр бо мақомоти аршади Эрон, аз ҷумла бо вазири хориҷа Ҷавод Зариф, муовини ӯ Аббос Арақчӣ ва сафири Эрон дар Оҷонсии ҳастаӣ мулоқот кард. Қарор аст, Амано ин бор мусоҳибаҳои деринтизораш бо донишмандони эронии марбут ба таҷрибаҳои ҳастаиро анҷом дода, мавзӯи тафтиши барномарезишудаи корхонаи ҳастаии зиддунақизи Порчинро низ баррасӣ кунад. Оҷонсии ҳастаӣ бар ин аст, бархе амалиёти машкуки ҳастаӣ дар ҳамин корхонаи воқеъ дар ҷанубушарқи Теҳрон анҷом шудаанд. Эрон ҳар навъ талошаш барои сохтани силоҳҳои ҳастаиро рад мекунад.