4 сарбози қазоқ дар баҳр ғарқ шуданд

Мақомоти Қазоқистон қазияи ғарқ шудани 4 сарбози қазоқ дар ҷараёни машқҳои низомӣ дар баҳри Хазарро таҳқиқ мекунанд. Вазири дифои Қазоқистон Имонгалӣ Тасмагамбетов рӯзи 19 сентябр аз шаҳри Оқтау дар соҳили баҳри Хазар – маҳалли ғарқшавии он 4 сарбоз – дидан кард. Бино ба хабарҳо, ӯ 4 мақоми низомии минтақаро барканор кардааст. Дар ҳамин ҳол, додситонии низомии Қазоқистон дар қиболи ин қазия парванда боз кардааст. Онҳо аъзои ҳайъати зиреҳпӯши БТР-80 буданд, ки дар ҷараёни ин машқҳо бояд дар об пойин мешуд. Се тан аз ғарқшудагон 19-сола ва якеи дигар 23-сола будаанд.