Раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ талош кард, то нигаронии мардуми Амрико аз шиори “Марг ба Амрико!”-ро, ки издиҳом дар Эрон мезанад, таскин бидиҳад. Рӯҳонӣ дар мусоҳиба бо барномаи "60 Minutes"-и шабакаи телевизионии CBS, ки рӯзи 20 сентябр нашр хоҳад шуд, гуфт, ин шиор, ки маъмулан баъди намозҳои ҷумъа зада мешавад, мардуми Амрикоро дар назар надорад, балки бештар вокуниш ба тасмимҳои сиёсии Вошингтон алайҳи Эрон аст. Ин шиор аз ҷумлаи далелҳои умдаи мухолифони муомилаи ҳастаӣ бо Эрон дар Конгресси Амрико буд, ки мегуфтанд, идомаи чунин шиорзаниҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати Эрон на дар дасти Рӯҳонӣ, балки дар дастони оятуллоҳ Алии Хоманаист, ки душмани Амрико боқӣ мемонад. Вале Рӯҳонӣ, ки аз ислоҳталабони мӯътадил намояндагӣ мекунад, гуфт, ин шиор алайҳи мардуми Амрико нест. Ӯ гуфт, “мо мардуми Амрикоро эҳтиром мекунем. Вале ҳамзамон сиёсатҳои Амрико алайҳи манфиатҳои миллии мардуми Эрон аст.”