Аз ҳафт сол ба ин сӯ Русия дар Амрико ва дар кишварҳои Аврупову Осиё ба таври густарда ба ҷосусии компютерӣ машғул аст. Дар ин бора ширкати амнияти компютерии Финландия бо номи “F-Secure” 17 сентябр гузориши худро ба нашр расондааст.
Дар ин гузориш ҳушдор дода шудааст, ки як гурӯҳи хуб муҷаҳҳази дуздони интернетӣ бо номи"the Dukes " ё “Ашрофзодаҳо” барои ҳукумати Русия ҷосусӣ мекунанд. Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки дар давоми 7 соли охир ин гурӯҳ дар саросари ҷаҳон ҳамлаҳои густарда анҷом додааст. Дуздони интернетӣ вирусҳои нодир ва василаҳои дигарро ба кор бурда, маълумотро аз шабакаҳои интернетӣ мерабоянд.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки баъзе аз муассисаҳо, аз ҷумла Маркази пешини маълумоти Гурҷистон барои НАТО, вазорати дифои Гурҷистон, вазоратҳои хориҷаи Туркия, Украина ва Полшаву кишварҳои дигар, марказҳои пажуҳиши сиёсӣ дар Амрикову Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба ҳамлаи ин дуздони интернетӣ дучор шудаанд.
Ширкати амнияти компютерии Финландия бо номи “F-Secure” расидагиро дар ин самт идома медиҳад.