Виктор Понта-нахуствазири Руминия ба таври расмӣ барои ришвахорӣ, пардохт накардани молиёт ё андоз ва шустушӯи пул муттаҳам эълон шуд. Ин яке аз бузургтарин парвандаҳо дар ҷараёни мубориза бо ришвахорӣ дар ин кишвар мебошад.
Виктор Понта 42 сол дорад ва моҳи августи соли ҷорӣ бори дигар иттиҳомот алайҳи худро рад карда буд ва гуфта буд, ки додситонҳо “бо афкори умум бозӣ мекунанд”.
17 сентябр додситонҳо расидагӣ ба парвандаи вайро ба поён расонданд ва онро барои мурофиа ба Додгоҳи Олии Руминия фиристоданд.
То ҳол аз ҷониби худи Понта тавзеҳоте дар ин бора нашр нашудааст, вале вай пештар рад карда буд, ки аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо намедиҳад ва мехоҳад то интихоботи порламонии моҳи декабри соли 2016 нахуствазир боқӣ бимонад.