Хабаргузориҳои давлатии Русия мегӯянд, ки мақомоти ҳукуматӣ нуқтаҳои Burger King ва силсиламағозаҳои фаронсавии Auchan-ро барои гӯё риоят накардани амнияти ғизоӣ 600 ҳазор доллар ҷарима бастаанд.
Анна Попова-раиси Роспотребнадзор гуфт, ҷаримаи Auchan бештар аз 372 ҳазор долларро ташкил додааст ва фаъолияти садҳо нафар коргарон боздошта шудааст.
Ожонси кишоварии Русия низ Auchan-ро ҳадаф қарор додааст ва иддао мекунад, ки гӯшти ин ширкат олудаи бактерияи E.Coli будааст. Баъд аз ин аддао Auchan баъзе муассисаҳои худро барои поксозӣ бастааст.
Тафтиши муассисаҳои Auchan дар ҳоле анҷом мегирад, ки барои таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Русия муносибати байни Фаронсаву Русия сард шудааст.