Қаҳҳоров: Генерал Назарзода зинда, ҷояш дақиқ шудааст

Абдураҳим Қаҳҳоров

Абдураҳим Қаҳҳоров-Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба матбоуот гуфтааст, ки генерал Абдуҳалим Назрзода-муовини пешини вазири дохилаи Тоҷикистон зинда аст ва бо боқимондаи ҷонибдоронаш дар муҳосираи нируҳои давлатӣ қарор дорад.

Вай бо ин изҳороти худ хабари чанд рӯз пеши баъзе расонаҳоро дар бораи гӯё кушта шудани Назарзода рад кард. Қаҳҳоров гуфтааст, ки маҳали буду боши Назарзода бо кӯмаки аҳолии маҳаллӣ дақиқ маълум шудааст.

Бино ба маълумоти Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, 4 сентябр Назарзода аз се қисми низомӣ аслиҳа ва муҳимоти ҷангиро дар се мошини КамАЗ бо худ бурдааст. Вай бо истифода аз мақоми расмии худ ба қисмҳои низомӣ дастрасӣ дошт.

Ҷонибдорони Назарзода тақрибан 200 нафар тахмин зада мешаванд. Тақрибан ҳар рӯз аз боздошти аъзои ин гурӯҳ ниҳодҳои интизомӣ хабар ба нашр мерасонанд.