5 ҷонибдори дигари Назарзода боздошт шудаанд

Дараи Ромит

Дар Тоҷикистон дар дараи Ромит амалиёти низомии нируҳои давлатӣ бар зидди гурӯҳи генерали шӯришӣ Абдуҳалим Назарзода-муовини пешини вазири дифои ин кишвар идома дорад. 12 сентябр дар ҷараёни ин амалиёт 5 нафари дигар аз аъзои ин гурӯҳ боздошт шудаанд.

Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст. Аз ин 5 нафар 5 автомати Калашников ва муҳимоти ҷангӣ мусодира кардаанд.

Дар амалиёти Ромит чархболҳо ширкат доранд. Ин манбаи хабарӣ мегӯяд, аз оғози амалиёт то ҳол бештар аз 110 нафар ҷонибдорони Назарзода боздошт ва 22 нафари онҳо кушта шудаанд. Аз ҷониби нируҳои давлатӣ 9 нафар ба қатл расидаанд.