10 сотих замин ба муаллимае дар Ёвон

Давлатшо Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон ба доди омӯзгори ҷавон расид ва бо амри ӯ ба ин муаллима 10 сотих замин дода мешавад. Мадина Маҳмадова, муаллимаи 27-солаи деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Гулсара Юсупова, ки 3 сол инҷониб ба мақомоти маҳаллӣ барои дастрасӣ ба замин муроҷиат мекард, баъди як ошкоргӯияш дар назди Давлатшо Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон мушкили худро ҳал кард. Ин муаллима дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 49 ноҳияи Ёвон аз фанни забони русӣ дарс медиҳад. Ҳафтаи гузашта дар ҳузури раиси вилоят Давлатшо Гулаҳмадзода, ки ба ноҳияи Ёвон сафар карда буд, ӯ ошкоро дар бораи ниёзмандияш ба замин, шароити сахти зиндагиаш дар як хонаи танг шикоят кард ва гуфт, ки се соли охир муроҷиатҳояш ба мақомот барои гирифтани пораи замин бенатиҷа меанҷомад.

Раиси вилоят ҳамон замон дастур дод, ки ин муаллимаи мактабро соҳиби замин кунанд. Ҳоло, бар тибқи қарори мақомоти маҳаллӣ, ба муаллима Маҳмадова 10 сотих замин барои сохтмони хона ваъда шудааст. Мадина Маҳмадова 10 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди сӯҳбаташ бо раиси вилоят, Гулаҳмадзода ба масъулин супориш дод, ки барояш аз наздикии маркази ноҳия замин бидиҳанд. Вай мегӯяд. Баъди гирифтани замин ва сохтани хонаи алоҳида аз хонаводаи 15-нафараи хушдоманаш кӯч мебандад. Ин муаллимаи ҷавон мегӯяд, шавҳараш дар Русия дар корҳои мавсимӣ пул меёфт, вале баъди ахиран депорт шуданаш ҳоло бекор аст. Ҳоло худи муаллима танҳо ноновари ин хонавода шудааст. Масъулини маорифи вилояти Хатлон мегӯянд, ки дар шаҳру навоҳии ин минтақа бояд дар навбати аввал омӯзгорони ҷавон ва ҳам духтурон соҳиби замин шаванд, вале ин дастур ҳамоно бо мушкил иҷро мешавад.

Сокинони Тоҷикистон борҳо шоҳиди он шудаанд, ки дар сурати муроҷиати рӯбарӯ ва дар мазҳари ом ба мақомоти баландпоя, онҳо метавонанд бо убур аз зинаҳои бюрокративу мушкилгузари сохторҳои давлатӣ масъалаҳои худро бо як амри лафрии раҳбар ҳал кунанд. Намунаи чунин тасмимҳоро борҳо дар мулоқоти президент Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони оддии кишвар шоҳид шудаанд, ки дар масъалаи пайдо кардани кор, дохил шудан ба донишгоҳ ва ё масоили дигар муроҷиат кардаан. Вале дастрасӣ ба замин яке аз мушкилоти сахти аксар сокинони манотиқи русто ва кӯҳдомани Тоҷикистон ба шумор меравад. Сеяки шикоятҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон марбут ба баҳсҳои замин мебошанд. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон мегӯяд, аз сокинони кишвар ба унвонии мақомоти маҳалли зисташон дар маҷмӯъ 234 ҳазор ариза барои ҷудо кардани қитъаи замин ворид шудааст. Аммо ба қавли ӯ, мақомот имкони қонеъ кардани кулли ин дархостҳоро надоранд, чунки Тоҷикистон як кишвари камзамин аст. Дар Тоҷикистон дар қаламрави 720 ҳазор гектар замин - 502 ҳазор гектарашро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд. Ба ҳар сари аҳолӣ 0,12 гектар замин рост меояд.