Ҷашни 3-ҳазорсолагии Ҳисор ба таъхир афтод

Таҷлили ҷашни 3 ҳазорсолагии Ҳисор то рӯзи 24−уми октябр мавқуф гузошта шудааст. Абдуманнон Абдуразоқов, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Ҳисор рӯзи 10−уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷашни 3-ҳазорсолагии Ҳисор дар даҳаи аввали моҳи октябр таҷлил хоҳад шуд. Аммо Абдураззоқов афзуд, то ба ҳол санаи аниқи таҷлили ин ҷашн дар моҳи октябр муайян нашудааст. Ба таъкиди ӯ, санаи аниқи ин ҷашн баъди гузаштани вохӯрии сарони кишварҳои узви СПАД (Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ) дар Душанбе муайян хоҳад шуд. Қарор аст, нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар Душанбе 15-уми сентябр баргузор шавад.

Аммо тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 1−уми марти соли 2012, ки зери он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо гузоштааст, санаи таҷлили ҷашни 3−ҳазорсолагии Ҳисор рӯзи 10−уми сентябри соли 2015 муқаррар карда шудааст. Аммо ба хотири омодагиҳо ба хотири ҳамоиши сарони кишварҳои узви СПАД таҷлили ин ҷашн мавқуф гузошта шуд. Дар ҳамин ҳол, сохтмони бисёре аз иншооти ҷашнии Ҳисор то ба ҳол ба анҷом нарасидаанд. Аз ҷумла сохтмони чойхонае, ки шакли харбузаро дорад ҳанӯз ба анҷом нарасидааст ва дида мешавад сохотмончиён болопӯши онро ҳанӯз насб мекунанд. Аммо Абдураззоқов роҳбари дастгоҳи ноҳияи Ҳисор гуфт, сохмтмони кулли иншоотҳои ҷашнӣ тибқи нақша идома доранд ва то санаи таҷлили он пурра анҷом хоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон бар пояи бархе аз бозёфтҳои бостоншиносон дар Ҳисор тасмим гирифт 3-ҳазорсолагии Ҳисорро ҷашн бигирад. Бар пояи қарори ҳукумати Тоҷикистон, аз соли 2012 ба муносибати 3000-солагии Ҳисор иншооту сохтмонҳои зиёд бо харҷи 880 миллион сомонӣ сохта хоҳанд шуд.