Ёдбуди Аҳмадшоҳ Масъуд дар Душанбе.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Душанбе мардуми зиёде фармондеҳи машҳури афғон Аҳмадшоҳ Масъудро, ки 9-уми сентябри соли 2001-ум ду рӯз пеш аз ҳамлаҳои даҳшатафканон болои шаҳрҳои ИМА ба қатл расидааст, фаромӯш накардаанд. Хабарнигори Озодӣ Фарзон Муҳаммадӣ бо дӯстону пажӯҳишгароне, ки бо Масъуд кор кардаанд, ҳамсӯҳбат шуд.