Амалиёти ҳавоии Туркия бар зидди шӯришиёни курд

Ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия дар шимоли Ироқ амалиёти ҳавоиро бар зидди Ҳизби Коргарии Курдистон ё Пи Кей Кей оғоз кард. Ин ҳизб ғайриқонунӣ дониста мешавад.

Хабаргузории давлатии Анадолу мегӯяд, ки шабона дар ин амалиёт бештар аз 50 ҳавопаймои ҷангӣ ширкат кардаанд. Бино ба “маълумоти ибтидоӣ, аз 30 то 40 террорист кушта шудаанд”.

Ин амалиёт замоне оғоз шуд, ки 6 сентябр дар ҷануби шарқи кишвар дар таркиши бами роҳ 16 сарбози Туркия ба қатл расиданд. Барои ин бамгузорӣ Ҳизби Коргарии Курдистон гунаҳгор дониста мешавад.

Низомиён мегӯянд, ки 7 сентябр дар имтидоди марз бо Ироқ ба 23 ҳадафи шӯришиёни курд зарба задаанд. Аҳмет Довутуғлу-нахуствазири Туркия гуфтааст, ки пойгоҳҳои Ҳизби Коргарии Курдистонро комилан аз байн мебаранд.