Шӯришиёни Ҳизби Коргарии Курдистон ё Пи Кей Кей иддао кардаанд, ки 6 сентябр онҳо 15 сарбози артиши Туркияро дар ҳамлае ба корвони мошинҳо дар ҷунуби шарқи Туркия ба қатл расондаанд.
Ҳизби мазкур дар ин бора дар сафҳаи интернетӣ иддаои худро пахш кардааст ва гуфтааст, ки шӯришиён дар минтақаи Юксековои вилояти Ҳаккорӣ ба корвон ҳамла бурдаанд.
Дар бораи шумораи талафоти ҷонӣ мақомоти расмии Туркия маълумот надодаанд, вале як низомии Туркия гуфтааст, ки ҳавопаймоҳои онҳо ба ҳамлаи 12 шӯришии курд ҳамлаи ҷавобӣ анҷом додаанд.
Хабаргузории расмии Анадолуи Туркия гуфтааст, ки шӯришиёни Пи Кей Кей ба ду мошини корвони низомӣ ҳамла бурдаанд ва «чанд нафар»-ро кушта ва захмӣ кардаанд.