Михаил Мамиашвилӣ-раиси Федератсияи гуштии Русия ва яке аз шахсиятҳои бонуфузи гуштии байналмиллалии олимпӣ мегӯяд, ки Амрико ба вай раводид ё виза надодааст, ки битавонад дар мусобиқоти қаҳрамонии 7 сентябр дар Лас Вегаси аёлати Невада ширкат ҷӯяд.
Михаил Мамиашвилӣ дӯсти Владимир Путин - раиси ҷумҳури Русия аст ва ҳамзамон муовини раиси Федератсия муттаҳидаи гуштии ҷаҳон ва узви Федератсияи байналмиллалии гуштӣ мебошад.
6 сентябр Мамиашвилӣ гуфт, ки мақомоти расмии Амрико дар бораи сабабҳои чунин тасмими худ чизе нагуфтаанд. Георгий Брюсев-муовини раиси Федератсияи Русия, дар изҳороте иддао кардааст, ки ин тасмими Амрико ангезаи сиёсӣ дорад.