Зарбаҳо боиси ҳалокати даҳ яманӣ шуданд

Ҳавопаймоҳои Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони Арабистони Саъудӣ рӯзи 6 сентябр ба мавқеъҳои шибҳанизомиёни ҳӯсӣ дар Яман зарба заданд. Бар пояи бархе хабарҳо, дар ин зарбаҳо дасти кам 10 тан аз сокинони осоишта ба ҳалокат расидаанд.

Зарбаҳо ду рӯз баъд аз он сурат гирифтанд, ки дар Яман бар асари ба анбори силоҳ расидани мушаки шибаҳанизомиёни ҳӯсӣ 45 сарбоз аз Аморати муттаҳидаи араб, даҳ сарбози саъудӣ ва панҷ сарбоз аз Баҳрайн кушта шуданд.

Ҳалокати дасти кам 60 низомӣ – пурқурбонитарин барои Эътилоф баъд аз шурӯи амалиёт алайҳи ҳӯсиҳо дар Яман дар моҳи марти соли равон маҳсуб мешавад.

Бино ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, баъд аз шурӯи амалиёти Эътилоф дар Яман тақрибан 4500 нафар, аз ҷумла, дасти кам 2110 сокини осоишта кушта шуданд.