Бар асари ба анбори силоҳ расидани мушаки шибаҳанизомиёни ҳӯсӣ дар Яман даҳ сарбоз аз Арабистони Саъудӣ кушта шуданд. Як масъули артиш рӯзи 5 сентябр ба хабаргузориҳо гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи ҷумъа ба вуқӯъ пайваст.
Аз ин пеш Аморати муттаҳидаи Араб тасдиқ карда буд, ки дар ҳамин ҳодиса 45 сарбозаш ҷон бохтаанд. Таркиш дар анбори силоҳ мунҷар ба ҳалокати 5 сарбоз аз Баҳрайн ҳам шудааст.
Ҳалокати дасти кам 60 низомӣ – пурқурбонитарин барои Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ баъд аз шурӯи амалиёт алайҳи ҳӯсиҳо дар Яман дар моҳи марти соли равон маҳсуб мешавад.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, ҳавопаймоҳои Эътилоф рӯзи 5 сентябр бомборони мавқеъҳои ҳӯсиҳоро дар Яман идома доданд.
Бино ба иттилои Созмони Милал, баъд аз шурӯи амалиёти Эътилоф дар Яман тақрибан 4500 нафар, аз ҷумла, дасти кам 2110 сокини осоишта кушта шуданд.