Сафорати Бритониё шаҳрвандонашро ба эҳтиёткорӣ даъват кард

Сафоратхонаи Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш даъват кардааст, ки шадидан эҳтиёткор бошанд. Дар изҳороте, ки дар сайти сафоратхона дар Душанбе нашр шудааст, гуфта мешавад, ки рӯзи 4 сентябр дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе задухӯрди мусаллаҳонае бо иштироки нирӯҳои амниятӣ сурат гирифт. Дар ин ҳодиса чанд нафар кушта шуд. Мақомоти тоҷик ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ва дар минтақа тадобири шадиди амниятӣ ҷорӣ шудааст. Эҳтимоли такрори чунин ҳодисаҳо дар оянда водор мекунад, ки сафоратхона шаҳрвандони Бритониёи Кабирро ба эҳтиёткории шадид даъват кунад ва машварат медиҳад, ки хабарҳои охирро аз матбуоти маҳаллӣ пайгирӣ кунанд.