Корзори интихоботӣ дар Қирғизистон оғоз ёфт

Дар Қирғизистон расман маъракаи интихоботи парлумонӣ оғоз ёфт. Барои 120 курсии Жогорку Кенеш – парлумони Қирғизистон – 14 ҳизб вориди мубориза шудаанд. Кумиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон гуфт, барои ширкат дар интихоботи рӯзи 4 октябр 34 ҳизби сиёсӣ дархост дода буд, вале 20 ҳизб натавонистанд тамоми муқарарарот, аз ҷумла пардохтани 77 000 доллар гарави интихоботиро иҷро кунанд. Вакилони парлумони Қирғизистон танҳо аз рӯйхатҳои ҳизбӣ интихоб мешаванд, на дар ҳавзаҳо. 2,4 миллион аз 5,7 миллион аҳолии Қирғизистон ҳаққи овоздиҳӣ доранд.