Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сарбозону афсарони Гордӣ миллӣ содиқ будан ба Ватан ва ҷасорату мардонагиро тақозо кард. Дар маросими бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Горди миллӣ, президент афсарону раҳбарони гордро бо ҷашнашон табрик карда, зимни суханронии худ бештар ба ҳамояи амнияту оромии давлат таъкид намуд. 20-умин солгарди Горди миллӣ 4 сентябр дар толори “Кохи Борбад” бо иштироки намояндагони сохторҳои қудратӣ, раҳбарону афсарон ва сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор шуд.
Оқои Раҳмон гуфт, “ин воҳиди низомиро дар даврае таъсис додем, ки кишварамон дар вазъи ниҳоят вазнину ҳассос қарор дошт. Вале ҳайати шахсии гвардия номи пурифтихори гвардиячиро бо нишон додани ҷасорату ҷавонмардӣ ҳифз намуданд.”
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин сохторро як мактаби омодасозии муттахассис ва ҳомиёни содиқ ба халқу ватан унвон кард. Шералӣ Эмомов, капитани Горди миллӣ низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба фарқ аз солҳои аввали фаъолият, ин сохтор имрӯз шароити беҳтар дорад ва ба гуфтаи вай таълиму тарбияи афсарону сарбозон ҳам фарқ мекунад.
Горди миллии Тоҷикистон аз ниҳодҳои муҳими нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст, ки дар оғоз Горди президентӣ ном дошт ва аз ҷумла амнияти раисҷумҳури Тоҷикистонро таъмин мекард. Ин ниҳод аз соли 2004 Горди миллӣ ном гирифт. Фармондеҳи аввали горд Ғаффор Мирзоев буд, ки баъдан бо гуноҳи талош барои табаддулоти давлатӣ, ҳифзи ғайриқонунии силоҳ ва куштор ба зиндон маҳкум шуд ва ҳоло дар зиндон аст. Сарбозони Горди миллӣ дар чандин амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат, аз ҷумла дар минтақаҳои Тавилдараву Ғарм ва дар шаҳри Хоруғ ширкат кардаанд.