Қатъи эътирозҳо дар вокзали Келетӣ

Вокзали роҳи оҳани Келетӣ дар маркази Будапешт баъд аз ду рӯзи эътирозҳо дубора дарҳояшро ба рӯи муҳоҷирони ғайриқонунӣ боз кард.

Тақрибан ду ҳазор нафар, ки шабҳои ахирро дар канори ин вокзал рӯз мекарданд, субҳи рӯзи 3 сентябр сӯи қаторҳо шитофтанд, аммо раҳбарони вокзал эълон карданд, ки ҳаракати қаторҳо ба сатми Аврупои ғарбӣ то мӯҳлати номуайян мутаваққиф шудааст.

Эътирозҳои муҳоҷирон дар канори вокзали Келетӣ рӯзи сешанбе баъд аз он шурӯъ шуданд, ки мақомоти Маҷористон ба онҳо нишастан дар қаторҳои масири Олмон ва Австрияро манъ карданд. Муҳоҷиронро бо вуҷуди билетҳои харидаашон ба қаторҳо роҳ надоданд.

Теъдоди муҳоҷирони ғайриқонуние, ки фақат баъд аз моҳи июл вориди Аврупо шуданд, аз 107 ҳазор нафар гузашт.