Поёни Конфронси раисони порлумонҳои ҷаҳон

Чорумин конфронси умумиҷаҳонии раисони порлумонҳо дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико поён ёфт. Муҳамадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон панҷшанбеи 3 сентябр аз шаҳри Ню-Йорк ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки “Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони порлумонӣ рӯзи 2 сентябр бо қабули декларатсия ё эъломия ва баргузории маросими гузоштани нишони хотиравӣ ба «Дарахти сулҳ»-и қароргоҳи Созмони Миллалӣ Муттаҳид ба поён расид. Ба гуфтаи ҷаноби Султонов, дар ин маросим Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон дар канори сад раиси порлумони ҷаҳон ва ширкати Сабер Чаудлхарӣ, президенти Иттиҳоди байнипорлумонӣ, Сэм Кутеса, президенти Ассамблеяи 69 – уми иҷлосияи Генералии СММ дар ин маросим иштирок намуд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон шоми 29 август дар раъси як ҳайати порлумонӣ ба манзури ширкат дар чорумин кофнаронси раисони порлумонҳои дунё ба шаҳри Ню-Йорк сафар намуд. Раиси порлумони Тоҷикистон зимни ширкат дар ин ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзӯи “Қарор додани демократия дар хидмат ба сулҳ ва рушди устувор» суханронӣ намуд. Ба гуфтаи ҷаноби Султонов, раиси Маҷлиси Намояндагон “демократияро роҳи бебозгашти кишвар ва шакли идоракунии давлат” унвон кардааст.