Теъдоди қурбониёни таркиши норинҷак дар канори парлумони Украина ба се нафар расид. Антон Герашенко, мушовири вазири умури дохилии Украина, дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки рӯзи 1 сентябр дар бемористони шаҳри Киев сарбози Горди миллӣ Александр Костини 20-сола аз олам даргузашт.
Аз ин пеш Арсен Аваков, вазири умури дохилии Украина, дар бораи марги дуввумин сарбози Горди миллии дар канори парлумон дар Киев маҷрӯҳшуда хабар дода буд. Дмитрий Сластиков бар асари ҷароҳатҳои дирӯз аз таркиши норинҷак бардошта аз олам даргузашт, навиштааст Аваков рӯзи 1 сентябр дар Твиттер.
Бар асари сӯи кормандони полису нерӯҳои амниятӣ партоб шудани норинҷаки ҷангӣ рӯзи 31 август 130 тан аз корманди ҳифзи ҳуқуқ маҷрӯҳ шуданд, ки табибон вазъи шаш нафарашонро сангин арзёбӣ карданд.
Инфиҷор дар маҳалли ҳодиса баъди задухурду кашмакаш миёни маъмурони пулис ва тазоҳургароне сурат гирифт, ки мухолифи қабули қонуни мухторияти манотиқи таҳти назорати ҷудоиталабони тарафдори Русияанд. Ин қонун аз сӯи Верховная Рада пазируфта нашуд.
Дар чаҳорчӯби тафтиши ҳодиса 18 нафар, аз ҷумла, ду сарбози собиқи баталёни вазорати умури дохила “Сич” боздошт шудаанд. Яке аз ин сарбозон дар партоби норинҷак сӯи ҳомиёни ҳифзи тартибот гумонбар мешаванд.
Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, задухӯрд дар канори парлумонро “амали зидди Украина” ва “зарба аз пушт” номид ва изҳор намуд, ки ҳама муҷримон бояд ҳатман муҷозот шаванд.