Даниэл Розенблум, муовини ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Марказӣ, ин дафъа боздидаш аз Тоҷикистонро аз Хуҷанд оғоз кард ва рӯзи 31 август дар онҷо бо Абдураҳмон Қодирӣ – раиси вилояти Суғд мулоқот намуд. Дар ин сӯҳбати оқои Розенблум бо Қодирӣ сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе Сюзан Эллиотт низ иштирок дошт. Ин сафари севуми Розенблум ба Тоҷикистон ва аммо боздиди нахустинаш аз Хуҷанд аст. Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Даниэл Розенблум ва Абдураҳмон Қодирӣ дар бораи рушди ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Амрико суҳбат карда, изҳори умед намудаанд, ки “ин вохӯрӣ ба густариши ҳамкории барои тарафҳо фоидаовар таъсир хоҳад гузошт.”