Муҳокимаи Хадиҷа Исмоилова, хабарнигори пажӯҳишгари озарӣ рӯзи 31-уми август дар додгоҳи шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон аз сар гирифта мешавад ва қарор аст, ӯ сухани ниҳоиашро бигӯяд. Баъди сухани ниҳоӣ мумкин аст, додрас ҳукмро билофосила ва ё як рӯз баъд эълон кунад. Аввали моҳи август, додситони парвандаи Хадиҷа Исмоилова аз додгоҳ хост, ки ӯро ба 9 соли зиндон маҳкум кунад. Хадиҷа, ки барои бахши озарии Радиои Озодӣ ҳам кор мекард, ба тақаллуби молӣ, сарпечӣ аз пардохти молиёт, сӯистифода аз мақом муттаҳам мешавад. Азбаски ӯ пайваста дар бораи фасоду ришвахорӣ дар ҳукумати Озарбойҷон гузориш менавишт, иттиҳомотро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва ниқоре барои гузоришҳояш медонад. Додраси муҳокима рӯзи 26-уми август дархости Хадиҷа Исмоиловаро барои вақти бештар ҷиҳати омода кардани сухани ниҳоиашро ба инобат гирифт ва муҳокимаи ӯро ба таъхир андохт.