Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи Ҳазрати Амирҷонро зиёрат кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи душанбе бо сафари корӣ ба Кӯлоб рафта, аввал оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, маъруф ба Ҳазрати Амирҷонро зиёрат кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 31 август бо сафари корӣ ба минтақаи Кӯлоб рафта, аввал оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, маъруф бо номи Ҳазрати Амирҷонро зиёрат кард. Имсол Тоҷикистон 700-солагии Ҳамадониро ҷашн мегирад ва зиёрати оқои Раҳмон низ бештар ба ин сана рабт дорад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон низ гуфт, ба муносибати ин ҷашн Осорхонаи шафати оромгоҳ ва гунбазҳои мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бозсозӣ шудаанд.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар минтақаи Кӯлоб аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст. Ӯ соли 1314 дар шаҳри Ҳамадони Эрон таваллуд шуда, соли 1386 пас аз сафарҳои тӯлонӣ вафот кардааст ва тибқи васияти шогирдон ӯро дар шаҳри Кӯлоб дафн намудаанд. "Захират-ул-мулук" ва "Рисолаи Баҳромшоҳия" аз зумраи осори маъруфи сиёсӣ ва фалсафии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба шумор мераванд.

Дар баробари сокинони одӣ ва мақомҳои Тоҷикистон, раҳбарони рақами аввали бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури пешини Эрон, низ оромгоҳи ин шахсиятро зиёрат кардаанд.

​Аммо сокинон мегӯянд, ки дар пайи сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Кӯлоб тамоми роҳу бозор ва дӯконҳо баста шудаанд ва онҳо дар рӯзҳои оғози таҳсил маҷбур шудаанд барои харидории либос ва лавозимоти мактабии фарзандонашон ба ноҳияҳои дигар бираванд. Ҷамилаи Раҷабалӣ, як сокини шаҳри Кӯлоб, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "дирӯз ба хотири баста будани бозорҳо дар Кӯлоб маҷбур шудем, ки рафта аз ноҳияи Восеъ барои фарзандон либос бихарем." Ба қавли ин сокини Кӯлоб, бошандагони ҷамоатҳои Даҳана ва Зиракӣ низ барои харидории либос ва дигар лавозимоти мактабӣ ба Восеъ рафта будаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз онҳое, ки шоми 31 август дар базми идона дар бинои "Амфитеатр"-и Кӯлоб иштирок мекунанд, тақозо шудааст, ки "дасти холӣ" биёянд. Зеваршоҳ, яке аз ин даъватшудагон ба Радиои Озодӣ гуфт, аз онҳо хоста шудааст, ки боз ҳамроҳи худ ҷузвдон ё чизи дигар нагиранд.

Аз ин пештар ҳудуди 20 тан аз сокинони шаҳру навоҳии Кӯлоб аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ҳушдор гирифта будаанд, ки дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи президенти Тоҷикистон ба минтақа ба ӯ "наздик" нашаванд. Ин сокинон аслан онҳое ҳастанд, ки ба гуфтаи худашон солҳо боз аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ноадолатӣ мебинанд ва сӯҳбат бо раисиҷумҳурро ягона роҳи ҳалли мушкили худ медонанд. Замира Мӯъминова, як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ҳамроҳ бо даҳ тан аз ҳаммаҳаллаҳояш тасмим дорад, ҳангоми сафари президент аз зиндагии сангинашон ба Эмомалӣ Раҳмон шикоят кунад.

Аммо ӯ мегӯяд, нозири минтақавӣ аз ин тасмимашон огоҳ шуда, онҳоро ҳушдор додааст, то бо ин амалашон "табъи президентро хира накунанд". Замира Мӯъминова дар як хонаи кӯчак бо се писари хонадор ва 15 набера зиндагии сахте дорад, аммо солҳо боз наметавонад як қитъа замин бигирад, то фарзанди бузургаш бо оилаи бузургаш ҷудо зиндагӣ кунанд. Ин сокини Кӯлоб мегӯяд, чаҳор соли пеш як масъули ҳукуматӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин аз ӯ ва ҳамсояҳояш пул гирифт, вале на пулашонро баргардониду на барояшон қитъаи замин ҷудо кард.

Интизор меравад, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба Кӯлоб аз маҳалли 8 иншооти тозабунёд боздид ва баъзеи онро мавриди истифода қарор бидиҳад. Аз ҷумла, оқои Раҳмон бинои нави Донишгоҳи шаҳри Кӯлобро мавриди истифода қарор дода, дарси сулҳи имсоларо бо донишҷӯёни ин минтақа хоҳад гузаронд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Кӯлоб донишҷӯён ба пешвозгирии меҳмонон омода мешаванд