Чавгонбозони тоҷик ба Эрон мераванд (ВИДЕО)

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар ҳоле ки ҳанӯз даъвои аз тоҷикону эрониҳо ва ё озариҳо будани бозии чавгон идома дорад, чавгонбозони тоҷик барои нахустин бор дар сабқати байнулмилалӣ оид ба ин навъи варзиш иштирок мекунанд.

Як гурӯҳи ҳаштнафарӣ аз чавгонбозони тоҷик моҳи октябри соли ҷорӣ барои иштирок дар сабқати байнулмилалӣ ба Эрон хоҳанд рафт. Ҳоло онҳо дар майдони махсуси чавгонбозӣ, ки аз чаҳор гектар иборат буда, дар маркази вилояти Суғд воқеъ аст, омодагӣ мебинанд. ​Анварбек Саидмуродов ним сол боз бо аспи бодпояш ҳар субҳу шом тамрин мекунад, то ки ҳамроҳи тими хеш дар сабқати байнулмилалии чавгони аспӣ дар Эрон Тоҷикистонро намояндагӣ кунад.

Ҳамагӣ 6 моҳи пеш дар Тоҷикистон ва он ҳам дар шимоли он, барои аввалин бор мактаби чавгон ва моҳе қабл "созмони чавгон ва варзиши аспӣ" таъсис ёфт. Барои омӯзиш ва тамрини варзишгарон дар ин мактаб 25 асп аз зотҳои англисӣ, халтекинӣ, туркӣ, қарабойӣ ва маҳаллӣ ҳастанд, ки онҳоро мураббиён ба бозии чавгон омода мекунанд. Мураббиён мегӯянд, ки барои дар мусобиқа ба варзишгари хеш итоат кардан, ба аспҳо ғизо ва витаминҳои махсус медиҳанд.

Айни видео дар Ютуб:

Лоиқ Урунзода, мураббии ин навъи варзиш, ки шумораи зиёди аспҳоро барои варзишҳои аспӣ мувофиқ кардааст, мегӯяд, "беҳтарин аспҳо барои чавгон, асосан аспҳои маҳаллӣ ва англисӣ ҳастанд. Аспҳои маҳаллӣ барои он хубанд, ки ором ҳастанд ва тез ром мешаванд. Аз ҳама муҳим онҳо ба хунукиву гармӣ, заминҳои сахту нарм мувофиқанд."

Дилбар Маҷнунова, аз ҷумлаи 25 ҷавондухтаре ҳаст, ки дар мактаби чавгонбозӣ варзиши аспиро меомӯзад. Дилбар ҳарчанд муаллимаи забони русист, вале шавқи аспсаворӣ ӯро ба инҷо овардааст ва ӯ ҷуръат пайдо карда ният дорад, ки шомили яке аз тимҳои чавгони аспӣ гардад. Шаҳроми 13-сола низ тӯли шаш моҳ боз дар ин майдон намудҳои гуногуни варзиши аспиро аз худ мекунад ва алакай чанд марҳилаи омӯзишро паси сар гузоштааст.

Ташкили мактаби махсуси чавгонбозӣ дар ҳолест, ки ду соли қабл Озарбойҷон ҳамчун фарҳанги қадимиву нодири худ онро ба қатори ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО, Бунёди илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, шомил карда ва якбора зери бори танқиди Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон қарор гирифт. Донишмандони тоҷик бо ирсоли нома ба ЮНЕСКО хостанд, бозии чавгон ҳамчун фарҳанги муштарак эътироф бишавад, на фақат аз озариҳо. Аммо то ҳол ба натиҷае нарасидаанд.

Мардумшиноси тоҷик Дилшод Раҳимов мегӯяд, ин талошҳо ҳанӯз идома дорад ва дар садади ба мувофиқа расидан аст. "Бовар дорам, кӯшишҳои олимони тоҷик барабас намеравад ва дар наздикиҳо ЮНЕСКО бояд чавгони аспиро ҳамчун фарҳанги муштараки ҳам тоҷикону ҳам давлатҳои дигар сабт намояд," -- афзуд ӯ.

Таърихи ин варзиши бостонӣ ба асрҳои чаҳор ва панҷуми пеш аз милод бармегардад. Агарчӣ дар асрҳои охир ин варзиш чандон мавриди таваҷҷӯҳ қарор нагирифта буд, вале тайи солҳои охир ин варзиши бостонӣ дубора дар сатҳи ҷаҳонӣ густариш ёфта ва ҳамакнун дар беш аз 70 кишвар мусобиқаҳои чавгонбозӣ баргузор мешавад.

Дар бораи хостгоҳи ин варзиш низ ба хотири гузаштаи қадимаи он, дидгоҳҳои мухталифе вуҷуд дорад. Ин варзиш замоне аз Чин то Ҳинд, Осиёи Миёна, Қафқоз, Эрон ва кишварҳои арабӣ ривоҷ доштааст. Дар ашъори фолклории ин кишварҳо низ борҳо калимаи "чавгон" бо таъбирҳо ва ташбеҳоти мухталиф мавриди истифода қарор гирифтааст.