Як мушти муҳоҷири тоҷик ба рӯи пулиси Русия

Додситонии ноҳияи Петрогради Санкт-Петербург як шаҳрванди Тоҷикистонро барои як мушт заданаш ба рӯи нозири роҳ муттаҳам шинохта, парвандаи ӯро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст. Муҳаммад Шерматов бар асоси қисми 1-и моддаи 318-и қонуни ҷиноии Русия, яъне “истифода аз зӯр алайҳи намояндаи давлат ҳангоми иҷрои вазифааш” айбдор мешавад. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, Шерматов моҳи июли соли ҷорӣ ба қасди кор ба Русия рафта, барои нақзи қоидаи роҳ муттаҳам мешуд, аммо ба амри нозири роҳ итоат накардааст. “Корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ дар Петрогард аз ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳуҷҷаташро мепурсад. Аммо Шерматов ба ӯ итоат накарда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад. Нозири роҳ низ бо худраваш Шерматовро таъқиб намуда, аз ӯ такроран ҳуҷҷат мепурсад. Дар ҷавоб ба ин дархост Муҳаммад Шерматов бо мушти худ ба рӯи нозир роҳ мезанад ва ба ӯ зарари ҷисмонӣ мерасонад,” – омадааст дар хабари расмии Додситонии Петроград.