Саид Амиров, шаҳрдори собиқи Махачқалъа, пойтахти ҷумҳурии Доғистони Русия ба ҳабси абад маҳкум шуд. Додгоҳи низомии минтақаи Қафқози шимолӣ рӯзи 27 август Саид Амировро дар ташкили қатли мақоми Кумитаи тафтишоти Русия Арсен Гаҷибеков дар соли 2011 гунаҳкор шинохт. Амиров ҳамчунин дар қасди ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Каспийски Доғистон муҷрим дониста шуд. Владимир Постанюк, раҳбари гурӯҳи вакилони Амиров гуфт, аз ин ҳукм шикоят хоҳанд бурд. 7 шарики Амиров низ ба мӯҳлати аз 10 то 22 сол ҳукми зиндон гирифтанд, вале ҳеҷ кадом аз ин 8 нафар гуноҳи худро эътироф накард. Амиров дар моҳи июли соли 2014 бо ҷурми таҳияи амали террористӣ ва нигоҳ доштани силоҳҳои ғайриқонунӣ ба 10 соли зиндон маҳку мшуда буд. Амиров аз соли 1998 то боздошташ дар соли гузаштаи шаҳрдори Махачқалъа буд ва аз пурнуфузтарин шахсиятҳо дар арсаи сиёсии Доғистон ва Қафқози шимолӣ ба шумор мерафт. Ӯ аз чандин сӯиқасд ҷон ба саломат бурда, бар асари яке аз онҳо дар соли 1993 аз пои равон маҳрум шуда, бо аробаи маъюбӣ ҳаракат мекунад.