Ҷангҷӯён 5 рустои дигари Сурияро ишғол кардаанд

Бино ба гузоришҳо, гурӯҳи Давлати исломӣ қисмате аз қаламравҳои дигари Сурияро аз дасти шӯришиён дар шимоли кишвар гирифтаанд. Созмони Нозири Ҳуқуқи Башар дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, гуфт, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ 5 русто аз ҷумла ду деҳа дар наздикии марзи Туркияро ишғол кардаанд. Гурӯҳи Давлати исломӣ гуфт, се деҳаро тасарруф кардааст ва ҷангҷӯёнаш шаҳри Мареаи таҳти контроли шӯришиёнро тақрибан муҳосира кардаанд, ки дар 20 километрии ҷануби марзи Туркия ҷойгир аст. Мавлуд Чавушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, рӯзи 27-уми август ба хабаргузории “Ройтерс”гуфтааст, ки аъзои паймони НАТО ба зудӣ амалиёти фарогиреро барои рӯфтани ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ аз манотиқи марзӣ шурӯъ мекунанд.