Ҳудуди 30 тан аз кормандони ширкати "Имомаскара" дар шаҳри Кӯлоб ба далели нагирифтани ҳақмузди якмоҳаашон ба нишони эътироз корпартоӣ карданд. Ин гурӯҳи кормандон рӯзи 25 август дар назди бинои ҳукумати шаҳри Кӯлоб низ гирди ҳам омада ва хостори бароварда кардани ниёзҳояшон аз сӯи мақомот шуданд.
Музаффар Қурбонов, яке аз коргарони ин корхона дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ҳадафи эътирозашонро ба пардохт нагардидани ҳаққи муздашон аз тарафи ширкати “Имомаскара” донист, ки ба истеҳсоли хишт машғул аст. Қурбонов мегӯяд, “кормандон дар муддати як моҳ беш аз 90 ҳазор хишт рехтаанд, ки маблағи умумии он 27 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аммо раҳбарияти корхона аз пардохти ин маблағ худдорӣ мекунад”.
“Ба мо ваъда карданд, ки ҳар 10 рӯз ҳаққи хизмат мегиред. Акнун аввали моҳ шудааст, ба мо муздамонро надоданд, вақте муроҷиат мекунем, онҳо мегӯянд, ки корро ҳоло ба анҷом нарасонидаед. Мо низ хеста ба дари ҳукумат омадем, то чораи ин корро бинанд,” – афзуд мусоҳиби мо
Аммо Рустам Неъматов, муовини шаҳрдори Кӯлоб дар сӯҳбат бо эътирозгарон гуфтааст, “бо таваҷҷӯҳ ба он ки кормандони ин коргоҳ шартномаи меҳнатӣ бо корхона надоранд, ҳукумат коре карда наметавонад”.
Дар ҳамин ҳол масъулони ширкати “Имомаскара”дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки омодаанд нисфи ҳақмузди коргаронро пардохт намоянд. Зеро ба таъкиди масъулони ин корхона, коргарон корро пурра иҷро накардаанд ва дар сурати комил иҷро шудани корҳо маблағро низ пурра дарёфт хоҳанд кард. Рустам, як масъули ширкати “Имомаскара” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “мо омода ҳастем, ними ҳақмуздашонро диҳем, вале онҳо ба ин кор розӣ нашуда истодаанд.”
Ба гуфтаи ӯ, роҳбари корхона ба онҳо ваъда кардааст, ки корро идома диҳанд, ки муздашонро дар рӯзҳои наздик пурра пардохт хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, ин гурӯҳи кормандон мегӯянд, дар сурати бароварда нашудани талабашон онҳо даст ба харобкории корҳои кардаашон дар корхонаи навтаъсиси тавлиди хишт мезананд.
Бахтиёр Сафарзода, таҳлилгари масоили иҷтимоӣ дар иртибот ба ин қазия мегӯяд, ки тоҷикон дар бештари мавридҳо ба сабаби надоштани шартномаи тарафайн ба доми фиреби кордиҳанда меафтанд ва ё ба қавле “кидат” мешаванд. Ба гуфтаи Сафаров, корхонаҳо аз супурдани андоз корҳояшонро пинҳон карда, бо коргарони худ шартнома намебанданд, ки дар охир шартномаи забонӣ ба ҷангу хархаша ба харобкорӣ оварда мерасонад.
Вай афзуд: “Мутаассифона, бештари мардум қонун дар бораи меҳнатро намедонанд. Баъдтар корхонаҳои хусусӣ бештар теъдоди коргаронашонро пинҳон мекунанд, то андоз камтар супоранд. Вақте корхона ба корфармо маблағ надод, онҳо эътироз карданд, дигар мақомот ба арзашон намерасад, зеро онҳо расман кор намекунанд ва ба қавле дар “кидат” меафтанд.”
Зимнан, корхонаи “Имомаскара” шаш моҳи пеш дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб аз ҷониби сармоягузорони чинӣ фаъол шудааст. Роҳбарии ин корхонаро соҳибкори чинӣ - Тахор Си Юван бар ӯҳда дорад. Зимнан, ин корхона дар як шабонарӯз то 3 ҳазор дона хишти пухта истеҳсол мекунад, ки таҷҳизоти он аз Чин ворид шудааст. Ҳоло дар пайи эътироз ва корпартоии корманлони маҳаллӣ дар ширкати тавлиди хишт 15 тан аз чиниҳо фаолият доранд.
Айни видео дар Ютуб: