Ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар ҷануби Тоҷикистон, ҳудуди 500 хонандаи ҷамоати деҳоти "Ифтихор"-и ин ноҳияро, ки дар пештар вагонҳо таҳсил мекарданд, ба мактаби хушсохти замонавӣ мегузаронад. Тӯйчибой Маҳмадёров, мудири маориф ва илми ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 25 август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо бо харҷи қариб як миллион сомонӣ мактаби нав сохтаанд ва хонандагон аз "вагон-мактаб" ба он ҷо хоҳанд кӯчид. Маҳмадёров гуфт, дар ин "вагон-мактаб”, ки аз Шӯравӣ боқӣ монда буд, даҳҳо сокини ҷамоати "Ифтихор" таҳсил кардаанд, аммо солҳои ахир, ки вагонҳо фарсуда шуданд, таҳсил барои хонандагон ва ҷараёни дарсҳо барои омӯзгорон тоқатфарсо будааст. Сайфулло Лутфуллоев, як масъули Раёсати маориф ва илми вилояти Хатлон гуфт, тамоми "мактаб-вагон"-ҳое, ки аз он хонандагон бароварда шудаанд, аз ин баъд ҳамчун китобхонаю анбор истифода хоҳанд шуд.