Мақомот ва фаъолони Сурия мегӯянд, ҷангиёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” қалъаи бостонии Баъалшомин дар шаҳри Палмираи Сурияро таркондаанд. Раҳбари идораи ёдгориҳои бостонии Сурия Маъмун Абдулкарим гуфт, ҷангиён рӯзи 23 август “миқдори зиёди маводи таркандаро дар қалъаи Баъалшомин тарконданд, ки мунҷар ба осеби зиёд ба қалъа шудааст.”
Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, марказаш дар Бритониё, низ тахриби қалъаро тасдиқ кард, вале гуфт, Баъалшоминро ҳанӯз як моҳ пеш таркондаанд. Бино ба хабарҳо, бар асари таркиш бархе аз сутунҳои бостонии Палмира низ осеб дидаанд. Раҳбари ЮНЕСКО Ирина Бокова тахриби ин қалъаро “боз як ҷинояти ҷанг ва талафоти ҷуброннопазир барои мардуми Сурия ва башарият” номид. Палмира дар рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил мебошад. Баъалшомин дар соли 17-уми мелодӣ сохта ва соли 130 дар аҳди Адриан тавсиа дода шуд.