Авфи номзади собиқ ба мақоми раиси ҷумҳур

Микалай Статкевич рӯзи 22-уми август аз зиндон озод шуд.

Микалай Статкевич, номзади собиқ ба мақоми раиси ҷумҳури Белорус баъди озодии ногаҳонӣ аз зиндон рӯзи 23 август вориди Минск шуд. Ӯро дар истгоҳи роҳи оҳан дар шарқи Минск гурӯҳе аз наздикону рафиқону тарафдоронаш ва раҳбарони мухолифони давлати Ҷумҳурии Белорус пешвоз гирифтанд. Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус рӯзи 22 август гурӯҳи 5 нафариеро авф ва озод кард, ки ҳамаашонро созмонҳои ҳомии ҳуқуқ маҳбусони сиёсӣ медонанд. Тарафдоронаш Микалай Статкевич ва ҳамсараш Марина Адамовичро гулборон карданд ва ҳангоми сӯҳбати ӯ бо хабарнигорон шиорҳои ватандӯстона сар доданд. Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, рӯзи 22 август бо судури як фармон гуфт, “бо назардошти усулҳои инсондӯстона”, Микалай Статкевич, Микалай Дедков, Иҳар Олиневич, Явҳен Васкович, Артём Прокопенко ва Юрий Рубтсовро авф мекунад. Ин маҳбусонро дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ озод карданд, ки қарор аст, рӯзи 11 октябр баргузор шавад.