Карим Ҳалимов аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳайси ошпази беҳтарин эътироф ва рӯзи 22 август дар ҷамъбасти фестивал - озмуни “Оши палав” дар Душанбе соҳиби кафгири тилоӣ шуд. Оқои Ҳалимов дар ошхонаи бозори "Фаровон"-и маркази маъмурии вилояти Хталон ба ҳайси ошпаз кор мекунад.
Тайи ду моҳи гузашта дар Хуҷанд ва Хатлону минтақаи Раштҷашнвораи “Оши палав” баргузор шуд. Ин ҷашнвора дар ҳолест, ки ҳам ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам ҳукумати Узбакистон дар талоши ҷаҳонӣ кардани оши палав ҳастанд. Ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ хабаре нашр шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ЮНЕСКО пешниҳод кардааст, то палави тоҷикиро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии Бунёди маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милал шомил кунад.
Баъдан дар охири моҳи майи соли ҷорӣ ин хабар матраҳ гардид, ки Узбакистон ҳам ба ЮНЕСКО дархост додааст, то оши палавро ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии Идораи илму фарҳанги СММ шомил кунад. Зимнан, дар Тоҷикистон, бино ба як пажӯҳиши донишмандони Академияи илмҳо, то 300 навъи оши палав мавҷуд аст, вале дар санадҳо барои ЮНЕСКО ҳамчун намуна тақрибан даҳ навъи ош, аз ҷумла, “оши бедона”, “оши гӯшти мурғ”, “палави токӣ”, “оши девзира”, “оши кенҷа”, “оши як ба як” оварда шудааст.