Айбдоркунандаи давлатӣ хостори ба нӯҳ соли маҳбас маҳкум кардани хабарнигори озарӣ Хадиҷа Исмоилова шуд. Талаби додситонҳо рӯзи 21-уми август дар мурофиаи додгоҳӣ дар Боку ироа шуд. Додрас мурофиаро то рӯзи 26-уми август мавқуф гузошт. Қарор аст, ки он рӯз ҳукми хабарнигори Хадиҷа Исмоилова эълон шавад.
Мурофиаи додгоҳӣ, ки рӯзи 24 июл шурӯъ шуд, пушти дарҳои баста гузашт ва хабарнигорону нозирони мустақил ба толор роҳ наёфтанд.
Хадиҷа Исмоилова, гузоришгари бахши озарии Радиои Озодиро 5 декабри соли 2014 бо ин иддао, ки гӯё Турал Мустафоев, ҳамкори собиқашро ба худкушӣ ташвиқ кардааст, боздошт намуданд, вале баъдан ӯ ба тақаллуби молӣ, сарпечӣ аз пардохти молиёт ва суистифода аз вазифа муттаҳам шуд. Турал Мустафоев дар додгоҳ гуфт, ки Хадиҷа рабте ба қасди худкушии ӯ надорад ва афсурдагӣ ӯро ба он ҳол оварда буд.
Хадиҷа Исмоилова мегӯянд, ки иттиҳом ангезаи сиёсӣ дорад.
Созмони Amnesty International Хадиҷа Исмоиловаро “маҳбуси сиёсӣ” номидааст. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва дигар созмонҳои хабарнигорӣ мегӯянд, ки Хадиҷа Исмоилова барои пажуҳишҳои журналистӣ ва фошсозии баъзе аъмоли ғайриқонунии хонаводаи раисиҷумҳури Озарбойҷон ба додгоҳ кашида шудааст.