Сафи корбарони “мессенҷер”-и тоҷикии “Чӣ гап?” аз 100 ҳазор нафар гузаштааст. Масъулони ширкати мобилии “Тселл” ва молики ин нармафзор мегӯянд, ки аз мессенҷери тоҷикӣ бештар муҳоҷирон истифода мекунанд. “Чӣ гап?” ҳамчун рақиби мессенҷерҳое, назири Вотсап ва Вайбер ба бозор баромадааст ва имкони табодули ройгони занг, ирсоли видео ва паёмакҳоро миёни истифобарандагони ин нармафзор фароҳам меорад. Шаҳноз Комилзода, маъсули дафтари матбуотии Тселл, рӯзи 21 август дар суҳбат ба Озодӣ гуфт, арзиши як дақиқаи занг дар дохили ин шабака ҳамагӣ 3 дирам буда, ба рақамҳои дигари ширкатҳои мобилӣ ва рақамҳои шаҳрӣ ҳамагӣ 12 дирамро ташкил мекунад. Дар нармафзори “Чӣ гап?” рақами Тселл ҳамчун номи корбар истифода шуда, аз рӯи он иҷозати воридшавӣ сурат мегирад. Нармафзор ба муштариён имкон медиҳад, ҳатто ҳангоми берун аз кишвар қарор доштан рақами мавҷудаи Тселл-и худро истифода намоянд.