Маркази Қоҳираро таркиши мудҳиш такон дод

Бинои хадамоти амният баъд аз таркиш

Таркиши мудҳиши як мошини ҳомили маводи тарканда дар канори бинои амнияти миллии Миср, воқеъ дар маҳаллаи Шубраи шаҳри Қоҳира боиси ҷароҳат бардоштани дасти кам 22 нафар, аз ҷумла, шаш корманди полис ва осеб дидани биноҳои гирду атроф гардид.

Дар бораи қурбониёни таркиш, ки субҳи 20-уми август рӯй дод, иттилоъ нарасидааст.

Дар инфиҷор як бахш аз девори бинои ҳукуматӣ хароб шуд ва дар он шикофи бузурге пайдо гардид. Шишаҳои тирезаҳои бинои хадамоти амниятӣ ва иморатҳои гирду атроф фурӯ рехтанд ва аз лӯлаҳои харобшуда об дар кӯча фаввора зад.

Сокинони маркази Қоҳира дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки садои таркиш дар масофаи то 10 километр ба гӯшашон расидааст.

Ба гуфтаи мақомоти Миср, террорист мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори бинои хадамоти амният гузошта, тавассути мотосикл фирор кардааст. Баъд аз чанд лаҳза таркиш рӯй дод.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст.