Додгоҳи Боку рӯзи 19 август муҳокимаи парвандаи журналисти таҳқиқотӣ Хадиҷа Исмоиловаро аз сар гирифт. Вале журналистонро ин бор ҳам ба мурофиа роҳ надоданд. Бисёри журналистҳо пуфакҳои рангҳояш мисли парчами Озарбойҷон сабзу сурх бо акси Хадиҷа Исмоиловаро дар назди додгоҳи ҷиноятҳои сангини Боку ба осмон сар доданд. Тарафдорони журналист “Озодӣ ба Хадиҷа!” гӯён шиор мезаданд. Исмоиловаи 39-сола, ки бо Радиои Озодӣ низ ҳамкорӣ мекард, барои пайгирии фасодкории мақомоти Озарбойҷони нафтхез сазовори чандин ҷоиза шудааст. Мақомот ӯро ба тахаллуф, сарпечӣ аз пардохти андоз ва сӯиистифода аз мақом айбдор мекунанд, вале тарафдоронаш ин парвандаро сиёсӣ меноманд. Исмоилова аз декабри соли 2014 дар боздошт қарор дорад.